- дар
- I[در]асоси замони ҳозира аз даридан. дар- در пешванд, ки бо мақсади ифодаи тобишҳои маъноӣ дар аввали баъзе феълҳо меояд: даркашидан, даргузаштан, даррабудан ва ғ.II[در]1. табақи аз тахта, оҳан ва ғ. сохташуда барои пӯшондани даромадгоҳи хона, ҳавлӣ, хайма, кабинаи автомобил, ҳавопаймо ва ғ. ; қисми кушодаю пӯшидашавандаи сандуқ, ҷевон ва ғ. : дари баромад, дари даромад, дари дутабақа (ё яктабақа)2. даргоҳ, хонаи одамони баобрӯ ва эътиборнок; саги дари хона саги даргоҳ3. нум. дар шумораи хонаю ҳавлӣ: як дар хона, даҳ дар ҳуҷра…4. боб, бобат, хусус; аз ҳар дар аз ҳар боб, аз ҳар хусус; дари ид рӯзҳои пеш аз ид; арафаи ид; дар ба дар аз ин дар ба он дар (гаштан); аз ин хонадон ба он хонадон (гаштан); муқ. дарбадар; дару бом // бому дар киноя аз манзилҳо, хонаҳо; дару девор ҳама ҷои иморат; ҳамаи биноҳо◊ дар бастан ба (бар) рӯи касе ба касе рӯи хуш надодан; пеши роҳи касеро гирифтан; дари касеро кӯфтан ба хонадони касе омадан (бо илтимосе ё эҳтиёҷе); хоки дари ҷоеро рӯфтан хизмати ҷоеро иҷро кардан; дар хизмати ҷое (касе) будан; дар гӯӣ, девор мегӯяд одами бефаҳму фаросат аст; дара (дарро) задам, девор кафид гуфт. ҳангоми ҷавоби номувофиқу бемавқеъ додани касе ё акси кореро кардани касе мегӯянд; агар бемор дуруст шуданӣ бошад, табиб ба дари хона меояд (зарб.) дар мавриди нохост омада мондан ё пайдо шудани шахс ё ягон чизи ба он сахт эҳтиёҷдошта гуфта мешавад; як дари баста, сад дари кушода (зарб.) ин ҷо набошад, ҷои дигар; ин кас набошад, каси дигар (дар мавриди дар ҷое ё аз касе ҳосил нашудани мақсад ва ба ҷой ё шахси дигар умедворӣ доштан гуфта мешавад)III[در]пешоянд1. ҷои воқеъ шудани ашё (дар даруни ё ҳудуди мавзее) ва маҳалли ба вуқӯъ пайвастани амалро нишон медиҳад, андар: дар лаби ҷӯй, дар паҳлуи миз, дар рӯи миз2. сӯи равона шудани амалеро ифода мекунад, ба3. замон ва ҳангоми ба вуқӯъ омадани амалеро ифода мекунад: дар аснои (сӯҳбат), дар айёми (ҷавонӣ), дар вақти (зиндагии касе), дар бачагӣ, дар пиронсолӣ, дар охири моҳ, дар рӯзҳои тобистон; дар оянда минбаъд; дар як дақиқа а) дар зарфи як дақиқа; б) зуд, ба тезӣ4. дар ҳолате воқеъ будан ё дар вазъияте гузаштани ҳодисаеро ифода мекунад: дар хоб…, дар азобу роҳат шарики касе будан5. соҳаи фаъолият ва машғулияти шахсро нишон медиҳад6. пеш аз баъзе феълҳо (хусусан масдарҳо) омада, давомнокии амал ё дар айни ҳол воқеъ гаштани амалро нишон медиҳад: дар шоҳмотбозӣ ҳамто надошт6. пеш аз баъзе феълҳо (хусусан масдарҳо) омада, давомнокии амал ё дар айни ҳол воқеъ гаштани амалро нишон медиҳад: гулҳо дар шукуфтан аст…7. дар ҳайати як гурӯҳ феълҳои таркибӣ меояд: дар воҳима мондан, дар ғазаб шудан (омадан), дар ларза андохтан, дар ҳайрат гузоштан, дар ҳайрат монданд, дар ташвиш мондан: дар ҳиҷолат мондан; дар бадали… дар ивази…, ба ивази…; дар болои… а) дар хусуси…, дар бораи…; б) дар айни…, дар ҳангоми…, дар аснои…, дар ҳини…; дар масофаи… // дар масофати… ба фосилаи…, ба дурии…; дар назди…, дар пеши… дар қарибии…; дар пайи… бо нияти…, дар садади…; дар сари… а) дар болои…, болои…: дар сари кӯҳ; б) назди…, канори…: дар сари чашма; в) дар роҳбарии…, дар роҳбарияти…; дар сурати… а) ба шакли…; ҳамчун…; б) ба мавриди…; дар ғояти… ба дараҷаи баланди…; дар ғояти зебоӣ; дар қатори… баробари…; мисли…, монанди…; дар ҳаққи… а) дар бораи…, дар хусуси…, оид ба…; б) бахшида ба…; ба ифтихори…; дар амал амалан, ҳақиқатан; дар воқеъ ҳақиқатан, воқеан; дар бар гирифтан а) дар худ доштан, иборат будан, шомил будан, ҳовии чизе будан; б) фаро гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.